Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - «Сайёфи Мизроб то дирӯз корманди бахши тоҷикиии радиои «Озодӣ» буд, вале 9-уми июл бо хоҳиши худаш аз кор рафт», - гуфт имрӯз дар мусоҳиба бо ОИ «Азия-Плюс» мудири бахши тоҷикии радиои «Озодӣ Қудрат Шаҳидӣ.
Ба гуфтаи ӯ, чанде қабл тавассути почтаи электронӣ ӯ аз С.Мизроб нома гирифтааст, ки дар он ӯ аз тағйироти бавуҷудомада (тағйирот дар фаъолияти дохилии радио ва барномаҳо) дар дафтари кории радио дар шаҳри Душанбе изҳори норозигӣ ва саркашӣ аз корро намудааст.
Ҳамчунин ӯ аз истеъфои худ низ хабар додааст. «Тайи солҳои тӯлонӣ мо аз кори Сайёфи Мизроб қаноатманд будем ва дар номаи ҷавобӣ ман ба ӯ аз ҳамкории пурсамар бо радио изҳори миннатдорӣ намуда, барор хостам», - гуфт ӯ ва таъкид сохт, ки мақомоти роҳбарии радио ба қарори рӯзноманигор назари эҳтиромона дорад.
Дар шарҳи гуфтори тунду тези изҳороти С.Мизроб бобати фаъолияти радио, Қ.Шаҳидӣ изҳор дошт, ки радио беш аз 55 сол бо забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон барнома пахш мекунад ва «барои инъикоси мутавозину воқеъбинонаи рӯйдодҳои Тоҷикистон миёни аҳолии кишвар ва хориҷи он нуфузу эътибор пайдо кардааст».
Дар ҳамин ҳол, дар изҳороти С.Мизроб бо лаҳни шадид пешниҳоди шартномаи нави кории бахши тоҷикии радио мавриди интиқод қарор гирифтааст ва ба назари рӯзноманигор онҳо мухолифи қонунгузории ҶТ
таҳия гаштаанд.
Гузашта аз ин, ба ақидаи С.Мизроб,
дар ин радио дар тӯли чанд соли ахир тамоми амалҳои ҳукумат истеҳзоомез, таҳрифомез мунъакис мешаванд.
«Бо дарназардошти ин далел, ки ҳуқуқҳои ман ҳамчун шаҳрванд ва журналист поймол шудаанд ва шахсан ман намехоҳам, ки зидди миллат ва ватани худ зери фишори раҳбарияти гуфторҳои тоҷикии радиои «Озодӣ» фаъолият барам, бо масъулияти том аз кор дар ин радио канор меравам», - гуфта мешавад дар изҳорот.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста