Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ширкати ҳавопаймоии русиягии «ВИМ-АВИА» парвози ҳавопаймоҳои хатсайри Уфа-Душанбе-Уфаро муваққатан боздошт.
Сухангӯи ширкат Вадим Долев мегӯяд, ки боздошти муваққатии парвози ҳавопаймоҳо дар ин хатсайр ба кам будани мусофирон вобаста аст.
«Зимни таҳлили бозори талабот ба хатсайри мазкур мо ба чунин хулоса расидем, ки талаботи он мавсимӣ аст, - изҳор дошт ӯ. - Ҳаракати ҳавопаймоҳо дар ин хатсайр қатъ нагардидааст ва дар оғози мавсими тирамоҳ масъалаи аз нав барқароркунии он муҳокима хоҳад гардид».
Қобили зикр аст, ки вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон дар таърихи 2-уми апрел ба иҷрои парвози ҳавопаймоҳо бо ин хатсайр иҷозат дода буд. Тибқи дархости ширкати ҳавопаймоии Русия ҳукумати Тоҷикистон тартиби парвозҳоро аз 2-уми май то 25 октябр тасдиқ кард. Парвозҳо як маротиба дар як ҳафта, рӯзи ҷумъа тавассути ҳавопаймоҳои навъи Як-42 ба иҷро мерасиданд.
Маълумотнома:
Ширкати ҳавопаймоии «ВИМ-АВИА»-и Русия моҳи октябри соли 2002 таъсис ёфтааст. Феълан ширкат дорои 14 ҳавопаймои миёнапарвози навъи
Boeing
757-200, се ҳавопаймои Як-42 ва ду ҳавопаймои навъи Ту-154М мебошад.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста