Кӯлоб. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Тайи шаш моҳи соли равон дар чаҳорчӯбаи татбиқи Барномаи миллии пешгирӣ ва муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО/ВИЧ) ва бемории норасоии муҳассали масуният (БНММ/СПИД) дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шаҳритӯс, Ҷиликӯл, Қумсангир ва Данғараи вилояти Хатлон Марказҳои боварии хизматрасонӣ ба нашъамандоне, ки аз сӯзандору истифода мебаранд, ифтитоҳ гардиданд.
Директори маркази пешгирӣ ва муқовимат бо ВНМО/БНММ-и вилояти Хатлон Даврон Қунғуротов иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввал боз 33 нафар гирифторони нав ба ин беморӣ ба қайд гирифта шуданд ва акнун шумораи онҳо ба 226 нафар баробар аст.
Ба гуфтаи ӯ, марказҳои боварӣ бо таҷҳизот, асбобу анҷоми хона, лавозимоти зарурӣ ва доруворӣ таъмин гардидаанд. «Дар ҳар як марказ 6 нафар, аз ҷумла як пизишк, як машваратчӣ ва чаҳор нафарӣ кормандони сатҳи миёнаи тиббӣ машғули коранд, - изҳор дошт манбаъ. - Барои мутахассисон ин боз 30 ҷои кори иловагӣ аст».
«Зарурати ифтитоҳи марказҳо ба он марбут аст, ки 52,7 дарсади гирифторони касалии ВНМО/БНММ нашъамандонанд», - идома дод Д.Қунғуротов.
«Акнун мушкилоти асосӣ муҳоҷирони меҳнатианд ва зарур аст, ки ба онҳо таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуд», - афзуд ӯ.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста