Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Муовини аввали директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Вайсиддин Азаматов ва вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зарораҳмади Муқбил масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои агентӣ ва вазоратро баррасӣ карданд.

Аз агентии номбурда хабар доданд, ки В.Азаматов ба ҳайати Афғонистон оид ба вазъи мавҷудаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон, фаъолияти агентӣ, чораҳои ҳукумат дар ин самт баҳри самаранокии кор маълумот дод.

Аснои боздид ҷонибҳо ҷиҳати роҳандозии ҳамкории минбаъдаи муассири муштарак дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир як қатор пешниҳодот ироа доштанд. Ҳамзамон меҳмонон анбори нигаҳдории маводи мухаддири агентиро аз назар гузарониданд.