Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зарораҳмад Муқбилро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории байни сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.
Таваҷҷӯҳи махсус ба муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, пешгирӣ аз истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Афғонистон ва дигар мавзӯъҳо зоҳир гардид.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зимни вохӯрӣ изҳор дошт, ки кишвараш бовуҷуди дар марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёти баъдиҷангӣ қарор доштанаш ба муқобили кишт ва парвариши маводи нашъаовар, инчунин гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муборизаи беамон мебарад. Агар соли гузашта
дар натиҷаи амалиёти дастҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон 150 тонна маводи нашъаовар аз муомилот боздошта шуда бошад, пас ин рақам фақат дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 250 тонна баробар шудааст. Дар соли гузашта ҳангоми ифои вазифа 1119 корманди мақомоти корҳои дохилаи Афғонистон
ба ҳалок шудаанд, ки аз ин шумора дар амалиётҳои зидди парвариш ва қочоқи маводи мухаддир 87 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Умуман соле дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 11- 12 ҳазор ҷиноят содир карда мешавад, ки теъдоди он сол то сол дар ҳамдасти бо қувваҳои коалитсионӣ кам карда мешавад. Дар вохӯрӣ
мубодилаи иттилооту таҷриба ва ҳамгироию дастгирии байниҳамдигарии сохторҳои марбутаи ду кишвари ҳамсояву ҳамзабон аз омилҳои муҳими таҳкими амнияту суботи минтақавӣ арзёбӣ гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки сохторҳои қудратии ҳар ду давлати ҳамсоя дар оянда низ муштаракан бар зидди ҳар гуна ҷиноятҳои ба амнияти дохилӣ ва минтақа хавфу хатар дошта муборизаи беамон хоҳанд бурд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста