Хуҷанд. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ҷамъияти саҳомии шакли кушоди (ҶСШК) «Комбинати металлҳои нодири Ленинобод» (КМНЛ), ки дар шаҳраки Чоруқдаррон воқеъ аст, интизор гирифтани иҷозатномаи истихроҷи квартс аст, ки кони он аз корхона каме дуртар ҷойгир шудааст.
Директори генералии комбинат Маҳмуд Холиқов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, дар сурати гирифтани иҷозатнома, ширкати австриягии «Сторк Ханделсгез МБХ», ки 100 дарсади
саҳмияҳои ҶСШК ба он тааллуқ доранд, омода аст, ҷиҳати бунёди корхонаи истеҳсоли ферросилитсий $25 млн. сармоягузорӣ кунад.
«Гап сари он аст, ки дар кишварҳои собиқи шӯравӣ чунин корхона мавҷуд нест ва дар ҳоли қомат рост кардани корхона ба буҷаи кишвар ҳар моҳ 1 млн. доллари марикоӣ ворид мегардид, - идома дод ӯ. - Пӯшида нест, ки дар ин масъала қазоқону қирғизҳо фаъолу пешсафанд ва барои сармоягузор фарқе нест, ки ба куҷо молиягузорӣ намояд, танҳо мавҷудияти ашёи хом зарур аст».
Мавсуф зикр кард, ки айни замон дар комбинат 8 сех бо иқтидори пурра кор мекунанд. «Аз даст додани чунин сармоягузор ба манфиати кор нест», - афзуд М.Холиқов.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста