Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи аъзои худро ба 400 адад расониданист.
Имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси палата Шариф Саид изҳор дошт, ки феълан 360 ташкилот аъзои палата мебошанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар се моҳи ахир палата ба маблағи 806,3 ҳазор сомонӣ хизматрасониҳоро анҷом додааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 29 дарсад зиёдтар аст.
«Пешниҳоди иҷозатнома ва гувоҳномаҳо ба мол самти асосии фаъолияти мо маҳсуб мегардад, - гуфт ӯ. - Бо дархости соҳибкорони хориҷиву ватанӣ палата сифат, бандубаст, ҳаҷм ва махсусиятҳои моли воридотӣ ва содиротиро аз ташхис гузаронида, гувоҳномаҳои таърих ва макони истеҳоли молро медиҳад».
«Раёсати ташхис ва гувоҳномадиҳӣ дар се моҳ беш аз 3600 гувоҳнома ва 27 иҷозатнома додааст», - идома дод Ш.Саид.
Вай баён дошт, ки то санаи 1-уми июли соли 2008 Палатаи савдо ва саноати ҶТ бо палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои хориҷи дур 197 созишнома ба имзо расонидааст. Айни замон палата дар 48 кишварҳо намояндагии худро ифтитоҳ кардааст.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста