Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Мувофиқи фармони сарвари давлат ҳамкории бонкӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба ӯҳдаи Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» вогузор гашт, ки дар фаъолияти байнулмилалии бонк қадами тоза маҳсуб мегардад. Муовини аввали раиси бонк Гулнора Ҳасанова изҳор дошт, ки бонк дар самти тоза фаъолияти мустақилонаи ҳамкориро бо созмонҳои молиявӣ роҳандозӣ хоҳад кард.
«Баргузории ҷаласаи раисони бонкҳои давлатии кишварҳои узви созмон дар ҳошияи ҳамоиши сарони кишварҳои узви СҲШ моҳи август дар шаҳри Душанбе яке аз иқдомҳои нахустин дар ин ҷода хоҳад буд», - гуфт Г.Ҳасанова.
Ба қавли ӯ, раисони бонкҳои давлатии кишварҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия, Чин ва Тоҷикистон ният доранд, масоили ба роҳ мондани фаъолияти минбаъдаи бонкҳоро ҳаллу фасл кунанд. «Мо умедворем, ки ҷаласаи номбурда дар сатҳи зарурӣ баргузор гашта, ҳамкориҳо вусъати тоза хоҳанд гирифт», - афзуд муовини аввали раиси бонк.
Ёдрас мекунем, ки Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» бо 15 бонкҳои ҷаҳон ҳамкорӣ мекунад.
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста