Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - «То ҳол хавфи аз байн рафтани давлати тоҷикон, ки онро душманони миллати мо хоҳонанд, вуҷуд дорад», - изҳор дошт имрӯз дар нишасти матбуотӣ директори маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Сӯҳроб Шарипов.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар ҷумҳурӣ хадамоти махсусе амал мекунанд, ки фаъолияташон ба иҷрои ин мақсад нигаронида шудааст. «Баъзан онҳо аз нерӯҳои дохили кишвар истифода намуда, онҳоро муқобили давлатдории тоҷикон таблиғ мекунанд, - таъкид сохт С.Шарипов. - Ба ин хотир мо ӯҳдадорем, ки марзҳои худро муҳофизат намоем».
Вай афзуд, ки ягон ҳизби сиёсии кишвар набояд зидди андешидани чораҳои мақомоти роҳбарии ҷумҳурӣ садо баланд кунад. «Ҳукумати мо ба хубӣ медонад, ки қувваҳои мусаллаҳро куҷо равона созад ва касоне, ки муқобили иродаи мо баромад мекунанд, ба мо дӯст нестанд», - таъкид сохт директори маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ.
С.Шарипов падидаи маҳалгароиро боиси мавҷудияти як қатор мушкилот дар Тоҷикистон арзёбӣ кард.
«Дар марҳилаи кунунӣ ҳеҷ касе хубтар аз ӯҳдаи идораи давлат чун Эмомалӣ Раҳмон баромада наметавонад», - изҳор дошт ӯ.
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста