Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ мулоқоти директори агентӣ Рустам Назаров бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо (ИА) таҳти сарварии намояндаи махсуси ИА оид ба масоили Осиёи Марказӣ Пйер Морел доир гардид.
Аз дафтари матбуоти агентӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки П.Морел ба директори агентӣ оид ба фаъолияти ИА дар мавриди таҳкими марзҳо ва мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар кишварҳои минтақа маълумот додааст.
«Зимни суханронӣ бобати нақшаҳои наздики ИА дар минтақа, ӯ зикр кард, ки иттиҳод масоили таъмини амният дар минтақа ва мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддирро аз масъалаҳои умда медонад, - идома дод манбаъ. -
Иттиходи Аврупо дар ҳамкорӣ бо Барномаи мубориза бо маводи мухаддири СММ ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе ахири моҳи октябри соли ҷорӣ вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва намояндагони давлатҳои ИМА, Русия ва Чинро созмон хоҳад дод».
Ба иттилои сарчашма, дар вохӯри намояндагони Финландия чун кишвари раисикунанда дар иттиҳод низ ширкат хоҳанд варзид.
«Дар мулоқот масоили таҳкими назорати марзҳо, мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва таҳияи стратегияи ҳамкорӣ дар ин самт мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт».
Тибқи иттилои намояндаи агентӣ, директори он меҳмононро бо вазъи мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир дар минтақа, фаъолияти мақомоти салоҳиятдори ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт ошно сохт. Ӯ сатҳи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикисонро дар мубориза алаҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир қаноатбахш арзёбӣ намуд.
«Генерал Р.Назаров баргузории вохӯриҳои қарибулвуқӯъро муҳим дониста, пешниҳод кард, ки дар форуми моҳи октябр масъалаи ҳамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои байнулмилалӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳову барномаҳои мавҷуда муҳокима гардад», - афзуд манбаъ.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
“Метро созанд, баъд зан мегирам...”. Вокуниши сокинон ба хабари сохтмони метро дар Душанбе
Афзоиши маблағи ҷарима барои қоидавайронкунии роҳу нақлиёт. Барои кадом қонуншиканӣ чӣ қадар зиёд шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста