Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) машварати дурӯзаи гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқа кардани тартиби эътирофи санадҳои омодасозии ҳайати корӣ дар соҳаи таъмини бехатарӣ дар саноат, санҷиш ва гувоҳнома додан ба кормандон оғоз мегардад.
Мушовири дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ Мария Гутсало изҳор дошт, ки лоиҳаи Созишномаро Кумитаи давлатии Украина оид ба таъмини бехатарӣ дар саноат, ҳифзи меҳнат ва назорати корҳо дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ таҳия намудааст ва он дар ҷаласаи шӯрои байнидавлатӣ оид ба таъмини бехатарӣ дар соҳаи саноат моҳи августи соли 2007 маъқул дониста шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар санад риояи меъёрҳои мувофиқашудаи таъмини бехатарии кор дар саноат аз ҷониби кишварҳои узви ИДМ пешбинӣ шудаанд.
«Ҷонибҳо ӯхдадор мешаванд, ки санадҳои ҳамдигарро, ки аз тарафи мақомоти ваолатдори кишварҳо дода шудааст, эътироф намоянд, - идома дод М.Гутсало. - Дар ҳамин ҳол, кишварҳо дар тасвиби санадҳои ғайриқонунӣ
низ масъул мебошанд».
Пас аз мувофиқасозии ниҳоӣ лоиҳа ба баррасии ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ пешниҳод мегардад.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста