Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Сармояи Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» ба санаи 1-уми июли соли ҷорӣ 40,3 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48,3 дарсад бештар аст. Дар нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси бонк Гулнора Ҳасанова изҳор дошт, ки маблағҳои умумии бонк дар ин давра ба 360,7 млн. сомонӣ баробаранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 95,5 дарсад зиёдтар аст.
«Сармояи умумӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардидаи вазорати молияи ҷумҳурӣ ва даромади софи бонк афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи Г.Ҳасанова, ба ҷуз фаъолияти тиҷоратӣ бонк ҳамчунин хизматрасониҳои пардохти нафақа, ҷубронпулӣ ва кӯмакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат ва пешниҳоди қарзҳоро анҷом медиҳад.
«Тавассути шӯъбаҳо ва агентиҳои бонк ба оилаҳои камбизоат ба маблағи 7,4 млн. сомонӣ кӯмакпулиҳо дода шудааст ва бонк нафақаи 513 ҳазор нафарро пардохт мекунад.
Г.Ҳасанова зикр кард, ки ба беш аз 15 ҳазор нафар муштариён дар ҳаҷми 138 млн. сомонӣ қарзҳо дода шудаанд.
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста