Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон тайи як сол муомилоти низоми байнулмилалии интиқоли маблаҳои пулии
UNIStream
ба 127 дарсад афзудааст.
Тибқи маълумоти департаменти иттилооти низом, дар нимсолаи аввал ҳаҷми саҳмияҳои транзитӣ дар ҷумҳурӣ 285 млн. доллари амрикоиро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда соли гузашта ба 126 млн. доллари амрикоӣ баробар буд.
Ба иттилои манбаъ, муомилот дар семоҳаи дуввум ба 179 млн. доллари амрикоӣ расидааст, ки ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта 82 млн. доллари амрикоиро ташкил медод.
Мудири кулли низом Сурен Айриян изҳор дошт, ки низом ба туфайли ҷорисозии муваффақона ва мустақими барномаи худ дар қаламрави кишварҳои собиқи шӯравӣ ба чунин комёбиҳо ноил гардидааст.
«Дар тӯли як соли фаъолият дар Тоҷикистон шабакаи мо аз 300 нуқтаи хизматрасонӣ ба 480 нуқта расид ва дар ҷумҳурӣ мо бо 10 ниҳодҳои молиявӣ ва ҳамаи бонкҳои бузурги кишвар ҳамкорӣ мекунем», - гуфт С.Айриян.
Маълумотнома:
Низоми байнулмилалии интиқоли маблағҳои пулии
UNIStream
ҳамасола ба 4 млн. нафар муштариён хизматрасонӣ мекунад ва соли 2007 муомилоти он ба 3,7 млрд. доллари амрикоӣ расид. Низом дар 90 кишвари ҷаҳон беш аз 70 ҳазор нуқтаҳои хизматрасонӣ ифтитоҳ намудааст.
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста