Конибодом. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ба буҷаи Конибодом маблағҳои иловагӣ ворид нагардиданд. Бо вуҷуди он ки дар маҷмӯъ истеҳсоли маҳсулот 107,4 фоизро ташкил дода бошад ҳам, ба иллати аз фаъолият бозмондани се корхонаи саноатии шаҳр истеҳсоли маҳсулоти дигар ба маблағи 3 млн. 483 ҳазор сомонӣ таъмин нагардида, буҷаи маҳаллӣ ба миқдори 417,9 ҳазор сомонӣ зарар дидааст.
«Ҷамъияти саҳомии (ҶС) «Ассор» (истеҳсоли равғани пахта») бо сабаби набудани ашёи хом, ҶС «Ирам» (истеҳсоли маҳсулоти консерваву равғани пахта) ба иллати иваз шудани раиси корхона ва корхонаи муштараки «Равот-Адрия» (истеҳсоли машрубот) бо сабаби адами маблағҳои гардон аз фаъолият бозмондаанд», - иттилоъ доданд ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи саноати мақомоти шаҳрдорӣ.
«Мақомоти роҳбарии шаҳр ҷиҳати ҳалли мушкилоти ин се корхона ва ҳамчунин коҳиши маблағи қарзҳои корхонаҳои саноатӣ, ки 20 ҳазор сомонӣ
аз музди меҳнат ва 304 ҳазор сомонӣ аз андоз иборатанд, тамоми чораҳоро меандешад», - идома дод сарчашма ва афзуд, ки қарзҳои андоз беш аз 157 ҳазор сомонӣ ба ҶС «Ҳабиб» (корхонаи пахтатозакунӣ) ва 98 ҳазор сомонӣ ба ҶС «Конибодом» (комбинати консерва) рост меоянд.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста