Душанбе. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс - Коршиносони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба лоиҳаи тартиби эътирофи санадҳои омодасозии ҳайати корӣ дар соҳаи таъмини бехатарӣ дар саноат, санҷиш ва гувоҳнома додан ба кормандон тағйироту илова ворид сохта, тавофуқ ҳосил карданд.
Мушовири дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ Мария Гутсало изҳор дошт, дар санад аз ҷониби ҳамаи кишварҳои узви ИДМ риояи меъёрҳои мувофиқашудаи таъмини бехатарии кор дар саноат, тартиби иҷозати коргарон ба кор, истифодаи механизмҳо ва таҷҳизот дар иншооти истеҳсолии хатарнок пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ӯхдадор мешаванд, ки санадҳои ҳамдигарро, ки аз тарафи мақомоти ваолатдори кишварҳо дода шудааст, эътироф намоянд ва зимни кор дар кишвари дигар мутахассиси дорои чунин санад бидуни тасдиқи сатҳи тахассусии худ ҳуқуқи кор карданро соҳиб мешавад.
«Дар ҳамин ҳол, муқаррароти ин созишнома ба мақомоти ваколатдори сатҳи миллии муайян кардани сатҳи тахассусии кормандон дахл надорад ва онҳо дар ин кор мустақилона амал мекунанд», - таъкид сохт М.Гутсало.
Пас аз мувофиқасозии ниҳоӣ лоиҳа ба баррасии ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ пешниҳод мегардад.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста