Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Нимсолаи аввал дар ноҳияи Ҷиргатол тамоми нақшаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барзиёд иҷро карда шуданд.
Раиси ноҳия Аслонбек Абдураҳмонов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли 2008 ба маблағи 3 млн. 514 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид.
Ба гуфтаи ӯ, нақшаи истеҳсоли гӯшт ба андозаи 103 фоиз, афзоиши саршумори чорвои калони шохдор дар ҳаҷми 104 фоиз ва саршумори чорвои хурд ба миқдори 108 фоиз ба иҷро расиданд.
«Ҳаҷми савдои чакана се баробар афзуда, он аз 91,7 ҳазор сомонии пешбинишуда то 276,2 ҳазор сомонӣ боло рафтааст», - гуфт раиси ноҳия.
Мавсуф зикр кард, ки имрӯз макотиби таҳсилоти умумии ноҳия фаъолона ба соли нави хониш омодагӣ мегиранд. «Ҷиҳати таъмири мактабҳо аз буҷаи ноҳия 211 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст ва соли ҷорӣ дар 5 мактаб таъмири асосӣ ҷараён дошта, дар мактабҳои дигар таъмири ҷорӣ анҷом ёфтааст», - гуфт раиси ноҳия ва афзуд, ки барои харидории ангишт ба ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ 162 ҳазору 205 сомонӣ ихтисос дода шудааст.
А.Абдураҳмонов ҳамзамон баён дошт, ки имсол ба ноҳия барои қабул ба макотиби олии кишвар 24 квота ҷудо шудааст, ки 13-тои он насиби духтарон гашт. «Ҳамзамон 13 нафар хатмкунандагон, ки тариқи квота таҳсил мекарданд, ба ноҳия баргашта соли равон дар ин ҷо ба кор шурӯъ мекунанд», - афзуд ӯ.
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста