Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Токио собиқ президенти Бонки рушди Осиё (БРО) Тадао Чино дар синни 74-солагӣ аз олам даргузашт.
Сарёвари маъмурии намояндагии БРО дар Тоҷикистон Татяна Евстифеева ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки Т.Чино пас аз таъин шудан ба мансаби президенти бонк, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро роҳандозӣ сохта, онро яке аз ҳадафҳои асосии бонк қарор додааст.
Илова бар ин, таҳти роҳбарии Т.Чино соли 2000 Стратегияи БРО оид ба рушди бахши соҳибкории хусусӣ қабул гардида, сохтори бонк аз нав ташкил шудааст ва сиёсати ифтитоҳу ба роҳ мондани фаъолияти намояндагиҳои бонк дар кишварҳои гуногун муваффақона ба анҷом расидааст.
«Дар мақоми президенти бонк Т.Чино се маротиба аз Тоҷикистон боздид карда, ҳамроҳи сарвазири ҶТ Оқил Оқилов моҳи ноябри соли 2003 намояндагии БРО-ро дар Тоҷикистон расман ифтитоҳ намудааст», - изҳор дошт Т.Евстифеева.
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста