Хоруғ. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Табибони
беморхонаи марказиии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар шаҳри Хоруғ бори нахуст ҷарроҳиҳои бехун
гузарониданд.
Сардори раёсати тандурустии ВМКБ Шодӣ Ҷамшедов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки
аллакай 12 нафар беморон бо ин усул ҷарроҳӣ шудаанд.
«Эндоскопия ё лапароскопия дар як вақт ҷарроҳии ташхисӣ ва табобатӣ буда, дар муолиҷаи касалиҳои зиёде самараи дилхоҳ медиҳад ва тавассути дастгоҳи махсус (лапораскоп) бо сӯрох кардани бадани инсон бидуни дард ва хунрезӣ сурат мегирад, - гуфт пизишк. - Бо ин усул 35 навъи бемориҳо, аз қабили бемории меъда, рӯда, бемориҳои занона, санги гурда ва ғайраро пурсамар табобат кардан мумкин аст».
Ш.Ҷамшедов афзуд, ки дастгоҳро
ба касалхонаи вилоятӣ
чанд сол қабл
Хазинаи
Оғохон
тӯҳфа карда буд, вале аз сабаби набудани
баъзе
таҳҷизоти лозим
ва мутахассиси ин соҳа
чанд сол
боз он бекор истода буд.
Мавсуф зикр кард, ки ахиран
бо кӯмаки Вазорати тандурустӣ
ба вилоят таҷҳизоти лозим
ворид гардида, табибон аз мутахассисони маркази
ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаи тиб ва ҷарроҳии
дил ва рагҳои
хунгард таҷриба меомӯзанд.
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста