Душанбе. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Шоми дирӯз дар вазъи тантанавӣ бинои нави сафоратхонаи Олмон дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.
Сафири Олмон дар Тоҷикистон Райнер Мюллер ба сохтмончиёни бино изҳори миннатдорӣ намуда, онро иншооти муштараки Тоҷикистону Олмон номид.
«Сохтмони бинои мазкур шаҳодати он аст, ки Олмон минбаъд низ барои Тоҷикистон шарики боэътимод хоҳад монд ва ҷиҳати рушду тавсиаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи стратегияи Иттиҳоди Аврупо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод», - таъкид сохт ӯ.
Ӯ ёдовар шуд, ки соли гузашта таҳти раисии Олмон стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ қабул шудааст ва изҳори боварӣ намуд, ки ҳамакнун бо раисии Фаронса дар иттиҳод ба татбиқи ин стратегия вусъати тоза бахшида хоҳад шуд.
Р.Мюллер ҳамчунин иттилоъ дод, ки ваколати сафириаш дар кишвари мо ба анҷом мерасад ва ӯ аз ин пас ба Африқои Марказӣ меравад.
«Мо дар Тоҷикистон дӯстони зиёде пайдо кардем ва ин кишварро бо дили нохоҳам тарк менамоем», - афзуд ӯ. Ҳамсари сафир бо забони олмонӣ рубоии Абӯабдулло Рӯдакиро дар бораи дӯстӣ назди ҳозирин қироат кард.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ зимни суханрониаш аз кӯмаки Олмон, иштироки раиси кумитаи парлумонии ҳамкории Олмон-Осиёи Марказӣ дар маросим изҳори миннатдорӣ намуда, хотиррасон сохт, ки Олмон яке аз аввалин кишварҳоест, ки дар Тоҷикистон сафорати худро ифтитоҳ кардааст.
Ҳ.Зарифӣ муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Олмонро дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, таъкид сохт, ки Олмон дар чаҳорчӯбаи стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар масоили рушди энергетика ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ кӯмаки зиёд мерасонад ва изҳори боварӣ кард, ки Фаронса низ дар чунин самт муносиботи ҳамкориҳоро ба роҳ хоҳад гузошт.
Ба ҳозирин консерти дастаҳои ҳунарӣ ва ҳунармандони касбии шаҳри Душанбе намоиш дода шуд.
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста