Хоҷагиҳову бонкҳо оид ба маблағгузории қарзии 92 ҳазору 678 гектар замини кишти пунбадона шартнома бастанд
11:59, 22 июл, 2008Муаллиф: Мавҷуда ҲаÑанова
Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи механизми нави сармоягузории соҳаи пахтакорӣ, ки соли равон бори нахуст амалӣ мегардад, миёни хоҷагиҳову бонкҳо оид ба маблағгузории қарзии 92 ҳазору
678 гектар
замини кишти пунбадона шартномаҳо ба имзо расиданд.
Муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмуд Қодиров дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки бо кӯмаки бонкҳо ҳамчунин дар байни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ширкатҳои фючерсӣ оид ба маблағгузории боз 100 ҳазору
647 гектар
замини кишти пунбадона шартнома баста шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар майдони 35 ҳазору
608 гектар
хоҷагиҳо бо маблағҳои худӣ кор мекунанд.
«Ҳамин тариқ, 228 ҳазору
933 гектар
ё худ 90,2 фоизи майдони мувофиқи нақша пешбинишудаи заминҳои кишти пунбадона маблағгузорӣ карда шудаанд, - гуфт муовини вазир. - Маблағи умумии шартномаҳои баимзорасида 433 млн. 809 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки беш аз 205 млн. ё худ 42,3 фоизи он аллакай азхуд карда шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки тибқи механизми нави сармоягузории соҳаи пахтакорӣ ба
1 гектар
2 ҳазору 770 сомонӣ маблағгузорӣ карда мешавад (ҳудуди $808). Мувофиқи маълумоти ахири вазорати кишоварзӣ, айни замон дар ҷумҳурӣ 29 ҳазору 200 хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият доранд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
“Метро созанд, баъд зан мегирам...”. Вокуниши сокинон ба хабари сохтмони метро дар Душанбе
Афзоиши маблағи ҷарима барои қоидавайронкунии роҳу нақлиёт. Барои кадом қонуншиканӣ чӣ қадар зиёд шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста