Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Арманистон марҳилаи аввали тамринҳои низомии «Марз-2008»-и кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) оғоз гашт.
Аз Раёсати ҳамкории байнулмилалии низомии Вазорати мудофиаи ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки тамринҳои низомӣ дар давраи тобистону тирамоҳи соли 2008 дар қаламрави кишварҳои Арманистону Русия доир гардида, дар он ҳудуди 4 ҳазор хизматчиёни ҳарбии Арманистону Русия ва Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.
«Марҳилаи аввал ва дуввум марҳилаҳои сиёсӣ буда, дар он чораҳои кишварҳои узви СААД дар мӯътадил гардонидани вазъи муташанниҷи сиёсӣ
муайян карда мешаванд», - изҳор дошт манбаъ.
Ба қавли намояндаи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, дар марҳилаҳои аввалу дуввум қисмҳо ва воҳидҳои низомии Тоҷикистон иштирок намекунанд.
«Дар марҳилаи аввали тамринот кишвари моро муовини аввали сардори ситоди кулл, генерал-майор Зариф Бобокалонов намояндагӣ хоҳад кард», - афзуд сарчашма.
Ёдрас мекунем, ки тамриноти низомии «Марз-2008» аз соли 2005 гузаронида мешаванд. То имрӯз онҳо дар қаламрави давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон доир гашта буданд. Ба СААД давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзо мебошанд.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста