Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон Абдураҳими Ашӯр дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки шояд дар муддатҳои наздик миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон хатсайри доимии ҳаракати автобусҳо кушода шавад.
Ба қавли ӯ, чанде қабл аз Ӯзбекистон лоиҳаи созишнома дар бораи ташкил намудани алоқаи доимии байнулмилалии нақлиёти автомобилӣ ба вазорат расидааст, ки «муддати 15 сол дар он ҷо хобида буд».
«Рӯзҳои наздик лоиҳа маъқул шуморида шуда ба Ӯзбекистон фиристода мешавад, - гуфт вазир. - Пас аз ба имзо расидани созишномаи мазкур беш аз 30 хатсайрҳои доимии равуои автобусҳо миёни кишварҳо боз карда хоҳанд шуд».
А.Ашӯр афзуд, ки айни замон ба ғайр аз алоқаи нақлиётии транзитӣ дигар навъи хатсайрҳои алоқаи нақлиётӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон вуҷуд надоранд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
“Метро созанд, баъд зан мегирам...”. Вокуниши сокинон ба хабари сохтмони метро дар Душанбе
Афзоиши маблағи ҷарима барои қоидавайронкунии роҳу нақлиёт. Барои кадом қонуншиканӣ чӣ қадар зиёд шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста