Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай(СҲШ)-ро, ки баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ин созмон ба Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт.
Зимни сӯҳбат байни сарвари давлат оид ба омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲШ ва масоили рӯзномаи он гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният ва бахшҳои гуногуни иқтисодиёт зоҳир гашт.
Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Душанбе маркази минтақавии
СҲШ оид ба мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъсис дода шавад.
Ба андешаи ӯ баҳри пурзӯр намудани амнияти минтақавӣ СҲШ бояд Афғонистонро ҳарчи бештар ба ҳамкорӣ даъват намуда, ба ӯ кӯмакҳои бевоситаи суроғавӣ расонад.
Сарвари давлати Тоҷикистон таъсиси ҳарчи зудтари Хазинаи рушд ва Клуби энергетикии СҲШ-ро дар баробари Иттиҳоди байнибонкӣ ва Шӯрои соҳибкории ин созмон, ки аллакай хуб фаъолият доранд, вазифаи бағоят муҳим арзёбӣ намуд.
Табодули судманди афкор ҳамчунин атрофи густариш додани ҳамкориҳои минтақавии нақлиётӣ ва истифодаи пурсамари захираҳои обию энергетикии Осиёи Марказӣ, рушди муносибатҳои фарҳангӣ ва робитаҳои СҲШ бо дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ сурат гирифт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 январи соли 2025
Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Додгоҳи олӣ ва Додситонии кул бозбинии парвандаи Аҳмади Иброҳимро хостааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2025
“Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
Идомаи тағйироти кадрӣ. Таъини додситони ҳарбӣ ва ивази муовини Озода Раҳмон
Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт
Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон
Кори Зафар Сайидзода ба ҳайси Консули кулли Тоҷикистон дар Екатеринбург ба анҷом расид
Барои пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон $8 миллиард лозим аст. Онро аз куҷо ва чӣ гуна пайдо бояд кард?
Эрон, Уммон ва Куриёи Шимолӣ. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2025 маълум шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста