Душанбе. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ян Тсзечинро, ки баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чин дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Таваҷҷӯҳи хос ба масоили омодагӣ ба сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ба Тоҷикистон ва ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки охири моҳи август дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, зоҳир карда шуд.
«Барои Тоҷикистон муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Созмони ҳамкории Шанхай аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ аст», - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ян Тсзечин Ҷумҳурии Мардумии Чинро дӯсти содиқ, ҳамсояи хуб ва шарики боэътимоди кишвари мо номида, изҳор дошт, ки давлати Чин азм дорад минбаъд низ Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, муносибатҳои худро бо он боз ҳам густариш диҳад. Ба андешаи ӯ суботи сиёсӣ ва фазои хуби ҳуқуқию инвеститсионӣ, ки дар Тоҷикистон зери раҳбарии Э.Раҳмон эҷод гаштааст, заминаи хуб барои ба сатҳи баланд баровардани робитаҳои ду кишвари ҳамсоя аст. «Мо иштироки президенти Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпӣ интизорем», - гуфт ӯ.
Ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, нақлиёту коммуникатсия, гидроэнергетика, илму фарҳанг ва ғайра гуфтугӯйи судманд анҷом дода, аз ҳаҷми мубодилоти мол байни ду кишвар ва болоравии босуръати он изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид гардид, ки ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот дар зарфи ду соли охир қариб чор баробар ва дар шаш моҳи соли равон 60 дар сад афзоиш ёфтааст.
Ба масоили ҳамкории минтақавӣ дар бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои обӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок ва ғайра, ки метавонад заминаи боэътимоди рушди иҷтимоию иқтисодии ҳамаи кишварҳо бошад, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шуд.
Мусоҳибон ҳамчунин атрофи масоили амнияту суботи минтақа ва мусоидат ба барқарорсозии ҳаёти осоиштаю иқтисодиёти рушдкунанда дар Афғонистон гуфтугӯйи судманд анҷом доданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 январи соли 2025
Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Додгоҳи олӣ ва Додситонии кул бозбинии парвандаи Аҳмади Иброҳимро хостааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2025
“Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
Идомаи тағйироти кадрӣ. Таъини додситони ҳарбӣ ва ивази муовини Озода Раҳмон
Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт
Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон
Кори Зафар Сайидзода ба ҳайси Консули кулли Тоҷикистон дар Екатеринбург ба анҷом расид
Барои пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон $8 миллиард лозим аст. Онро аз куҷо ва чӣ гуна пайдо бояд кард?
Эрон, Уммон ва Куриёи Шимолӣ. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2025 маълум шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста