Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи миллии Чин таҳти унвони «Тиҷорат ва сармоягузории Чин ва Тоҷикистон» ифтитоҳ шуд, ки дар он беш аз 70 корхонаву ширкатҳои ин давлат маҳсулоти худро ба маърази тамошо мегузоранд.
Бино ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, намоишгоҳ майдони 2 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, дар он маҳсулоти беш аз 70 корхонаву ширкат аз 6 вилояти Чин ба намоиш гузошта шудааст.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширкатҳои маъруфи Чин, аз қабили «ТВЕА» (таҷҳизоти вазнини сохтмонӣ ва техникӣ), «Ямала» (сарулибос барои кӯдакон), «
ZTE
» (таҷҳизот ва техникаи телекоммуникатсионӣ), «Хуавей» (техникаи телекоммуникатсионӣ) ва таҷҳизоти техникиву тарҳҳои сохтмонии ширкати умумичинии сохтмони роҳу купрӯкҳо ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд.
Намоишгоҳ аз ҷониби Вазорати тиҷорати Чин, ҳукумати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва санати Тоҷикистон созмон дода шуда, ҳукумати Чин ҷиҳати баргузории он 2 млн. юани чинӣ маблағ ҷудо кардааст.
Коршиносон бар ин назаранд, ки баргузории намоишгоҳ ба густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Чин такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Дар намоишгоҳ таҷҳизоти техникӣ ва механикии тракторҳо, истихроҷи маъдани кӯҳӣ, телекоммуникатсионӣ, роҳсозиву сохтмон, маишиву техникаи рақамӣ, автомобилҳо ва қисмҳои эҳтиётии он, мошинаҳои кишоварзӣ, маҳсулоти саноати сабук ва маводи ғизоӣ пешкаши тамошобинон мешавад. Намоишгоҳ то 1-уми август идома хоҳад ёфт.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
“Метро созанд, баъд зан мегирам...”. Вокуниши сокинон ба хабари сохтмони метро дар Душанбе
Афзоиши маблағи ҷарима барои қоидавайронкунии роҳу нақлиёт. Барои кадом қонуншиканӣ чӣ қадар зиёд шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста