Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Як тими 20 - нафара муташаккил аз хабарнигорони хабаргузориҳо ва рӯзноманигорони муҳими эронӣ поёни моҳи ҷорӣ ба Тоҷикистон сафар мекунанд.
          Ин гурӯх, ки барои инъикос ва таҳияи хабар аз раванди корҳои умронии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон озими ин кишвар ҳастанд, дар барномаи сафари худ зимни боздид аз пружаҳои аз ҷониби Эрон сармоягузоришуда, аз қабили нақби «Истиқлол», нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-2», корхонаҳои муштарак ва ғайра нишасти самимӣ бо ҳамкорони тоҷики худ низ хоҳанд дошт. Дар ин бора аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар доданд.