Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Муовини раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки бо хориҷ шудани Гурҷистон аз ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) раванди пароканда гардидани ин иттиҳод шурӯъ мешавад.
Ба қавли ӯ, қарори ҳукуматдорони гурҷӣ амри табиӣ аст. «Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит сохтааст, ки ду ҷониби разманда дар як иттиҳод буда наметавонанд, вале бо хориҷ шудани Гурҷистон мушкилоти дохилии иттиҳод на танҳо ҳал намешаванд, балки баръало зоҳир мегарданд», - гуфт ӯ. Мавуф мегӯяд, ки дар қаламрави ИДМ оид ба ин ё он масъала ихтилофи назарҳои зиёде ҷой доранд.
«Қобили зикр аст, ки омилҳои иҷтимоии мавҷудияти иттиҳод хеле заифанд», - қайд кард Ш.Ҳакимов. Коршинос таъкид сохт, ки кишварҳо ба узвият дар ин ё он созмон бояд аз нуқтаи назари манфиатҳои миллӣ муносибат намоянд.
«Ҳангоме ки аз вазъи бӯҳронӣ ҷаҳониён изҳори нигаронӣ намуданд, мақомоти роҳбарии ИДМ зарур нашуморид, ки ҷаласаи таъҷилӣ даъват созад, то ба ҳалли мушкилоти минтақа мусоидат кунад, - зикр кард ӯ. - Пас ИДМ барои чӣ лозим аст?». Мавсуф баён дошт, ки Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи таъҷилӣ доир намуда, масъалаи вазъи Осетияи Ҷанубиро дар сатҳи байнулмилалӣ мавриди ҳаллу фасл қарор дод. «Аз ин рӯ, ман бар ин назарам, ки зуд ё дертар давлатҳои Украина, Молдова ва Озарбойҷон низ хоҳиши аз ҳайати ИДМ хориҷ шуданро хоҳанд кард», - гуфт дар анҷом Ш.Ҳакимов.
Ҷон бохтани 17 кас дар пайи офатҳои табиӣ дар соли гузашта
Дар Русия барои интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон боҷ ҷорӣ кардан мехоҳанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сайёди зоҳиднамо ва мурғи зирак”
Даргузашти Оқохони 4, пешвои исмоилиҳои ҷаҳон
Пешниҳоди таъсиси Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистону Кувайт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 феврали соли 2025
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста