Душанбе. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Ба санаи 1 августи соли 2008 сандуқи қарзии Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Ориёнбонк» 598 млн. 507 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Сохтори соҳавии қарзҳои ҷойгиркардашуда аз рӯи низоми бонкӣ ба таври зерин аст: Бо асъори миллӣ: корхонаҳои тиҷоратии шахсӣ – 82,36%, корхонаҳои хоҷагии қишлоқ – 12,82%, корхонаҳои давлатӣ – 1,5% ва шахсони воқеӣ – 3, 32%. Бо асъори хориҷӣ: корхонаҳои тиҷоратии шахсӣ – 49,78%, корхонаҳои хоҷагии қишлоқ – 20,56%, корхонаҳои давлатӣ – 29,43% ва шахсони воқеӣ – 0,23%.
Ёдрас мекунем, ки сандуқи қарзии бонк дар моҳи гузашта ба 592 млн. 488 ҳазор сомонӣ баробар шуда буд.
Маълумотнома: Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” яке аз бонкҳои кӯҳнатарини ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ҳанӯз моҳи апрели соли 1925 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Душанбе шӯъбаи Бонки тиҷоратии осиёимиёнагӣ ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Моҳи сентябри худи ҳамон сол дар заминаи он Идораи ҷумҳуриявии Промбанк кушода шуд. Моҳи апрели соли 1991 Тоҷикпромстройбонк ба ташкилоти саҳҳомӣ табдил ёфтан гирифт ва 29 декабри соли 1991 вай ба Бонки саҳҳомӣ – тиҷоратии саноату сохтмони Тоҷикистон “Ориенбонк” мубаддал гардид, ки аз ҷониби Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, дорои иҷозатномаи махсуси (литсензияи) № 1 гашт. 5 апрели соли 2002 БСТССТ “Ориенбонк” ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” табдил дода шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти бонк хабар доданд.
Ҷон бохтани 17 кас дар пайи офатҳои табиӣ дар соли гузашта
Дар Русия барои интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон боҷ ҷорӣ кардан мехоҳанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сайёди зоҳиднамо ва мурғи зирак”
Даргузашти Оқохони 4, пешвои исмоилиҳои ҷаҳон
Пешниҳоди таъсиси Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистону Кувайт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 феврали соли 2025
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста