Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Аз 18-ум то 20-уми сентябр дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши саввуми равшанфикрони соҳаи илм ва эҷоди кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мегардад.

Аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш масоили идомаи муоширати ҷомеаи кишварҳо дар бобати мавзӯъҳои муҳим ва зарурии соҳаи гумнитарии иттиҳод табодули афкор сурат хоҳад гирифт.

«Бо назардошти он ки соли 2008 дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ соли адабиёту хониш эълон гардидааст, дар мубоҳисаҳо рӯйи мавзӯъҳои идома ва эҳёи анъанаҳои хониш дар шароити кунунӣ, дастгирии адабиёти миллӣ ва тарҷумаи тарафайн, таъмини китоҳо, кордории китобхона ва нашри адабиёти гуногун муҳокимаронӣ хоҳад шуд», - изҳор дошт манбаъ.

Бино ба иттилои сарчашма, иштирокдорони ҳамоиш сари баррасии масъалаи рушди муошират дар қаламрави ИДМ таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳанд намуд. Дар чорабинӣ роҳбарони мақомоти иҷроияи ИДМ, Ҳамкории иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС), Созмони Ҳамкории Шанхай, дабири кулли ЮНЕСКО К.Матсуура ва дигар сохтори марбут ба масоили   ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ иштирок мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки Ҳамоиши дуввуми равшанфикрони соҳаи илм ва эҷоди кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли гузашта дар шаҳри Остона (Қазоқистон) баргузор гардида буд.