Душанбе. 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Саридораи геологияи Нади ҳукумати Тоҷикистон Азим Иброҳим изҳор дошт, ки ҳафтаи сипаришуда дар Норвегия дар ҷаласаи 33-уми Конгресси байнулмилалии геологони ҷаҳон Тоҷикистон чун кишвари 120-уми узви ин созмон пазируфта шуд.
«Ҳанӯз соли 1992 кишварҳои ҳамсоя - Ӯзбекситону Қазоқистон аъзои ин созмон шуда буданд ва мо барои аввалин бор дар кори ин конгресс ширкат варзида, чун узви комилҳуқуқи он пазируфта шудем», - гуфт ӯ.
«Тибқи муқаррарот Конгресс дар чор сол як маротиба даъват карда мешавад ва ҷаласаи навбатии геологҳои ҷаҳон соли 2012 дар Австралия доир мегардад», - изҳор дошт А.Иброҳим ва таъкид сохт, ки Тоҷикистон ҳамучунин узви комилҳуқуқи Иттиҳоди байнулмилалии улуми геологӣ низ гаштааст. Иттиҳоди мазкур соли 1961 таъсис ёфтааст.
«Узвият ба созмонҳои мазкур имкон фароҳам месозад, ки дар ҷумҳурӣ Кумитаи миллии геологӣ таъсис дода шуда, мутахассисони соҳибкасби ин соҳа омода карда шаванд ва робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаи геология барқарор карда шаванд», - зикр кард А.Иброҳим.
Ёдрас мекунем, ки миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ то ҳол Туркманистону Қирғизистон аъзои ин созмонҳо нестанд.
Ҷон бохтани 17 кас дар пайи офатҳои табиӣ дар соли гузашта
Дар Русия барои интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон боҷ ҷорӣ кардан мехоҳанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сайёди зоҳиднамо ва мурғи зирак”
Даргузашти Оқохони 4, пешвои исмоилиҳои ҷаҳон
Пешниҳоди таъсиси Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистону Кувайт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 феврали соли 2025
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста