Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Тоҷикистонро барои барқарорсозии ҳамаи шабакаҳои интиқоли барқ лозим аст, нархи 1 кВт/соат нерӯи барқро то 4 сент афзоиш диҳад.

Мутахассиси калони соҳаи энергетикаи минтақаҳои Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Рагувир Шарма дирӯз зимни сӯҳбат бо рӯзноманигорон изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон нархи истифодаи нерӯи барқ арзон аст, зеро қариб ҳамаи нерӯгоҳҳои обию барқӣ ҳанӯз дар замони шӯравӣ сохта шудаанд. Ӯ зикр кард, ки айни замон дар Тоҷикистон нархи истифодаи нерӯи барқ дар сатҳи 1,5 сент қарор дорад ва барои таъмини нерӯи барқи доимӣ сармоягузории зиёд зарур аст.

Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки тибқи назарсанҷии Бонки ҷаҳонӣ, аҳолии Тоҷикистону Қирғизистон омодаанд, бо қиммати бештар арзиши истифодаи барқро пардохт намоянд, вале танҳо дар сурате, ки он доимиву босифат бошад.

«Дар соҳаи энергетика Тоҷикистон имконоти фаровонеро дорост, - гуфт ӯ. - Иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ ба андозаи 40 ҳазор МВт арзёбӣ мегардад, ки аз ин ҳисоб танҳо 10 фоизаш истифода мешавад ва ҳамчунин кишвар аз захираҳои ғании ангиштсанг низ бархӯрдор аст».

Р.Шарма таъкид сохт, ки Бонки ҷаҳонӣ тақозо дорад, ки танҳо пас аз қонеъ гардонидани талаботи дохилӣ содироти нерӯи барқ ба хориҷи кишвар сурат гирад».

Зимни шарҳи масъалаи таҳияи заминаи иқтисодиву техникии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» намояндаи Бонки ҷаҳонӣ иброз дошт, ки таҳияи он ҳамаи паҳлӯҳои масъала, аз ҷумла таъсири он ба муҳмити зистро низ ба назар хоҳад гирифт ва пас аз анҷоми таҳияи лоиҳа бо ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Ӯзбекистон низ машваратҳо баргузор карда хоҳанд шуд.

Р.Шарма қайд кард, ки ширкатҳои «НорскГидро», «Гидро-Квибек» ва ширкатҳои Русия метавонанд ба сифати сармоягузорони нерӯгоҳи мазкур интихоб гарданд.