Хуҷанд. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара мактаби дуошёна дарҳои худро рӯи толибилмон боз кард. Аз мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ахири ҳафтаи гузашта раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар маросими ба истифода додани мактаби нави замонавӣ дар ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара иштирок кардааст. Мактаб барои 240 нафар пешбинӣ гардида, дар он дар ду баст то 500 нафар таҳсил мекунанд. Иншоотро раёсати сохтмони шаҳри Исфара бунёд намуд.

Барои сохтмони мактаби мазкур 1 млн. 50 ҳазор сомонӣ маблағ хароҷот карда шуд, ки 800 ҳазор сомонии он маблағҳои буҷаи ҷумҳурӣ, 200 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷаи вилоятӣ ва боқимонда аз хисоби хоҷагиҳои ёрирасон мебошанд.