Душанбе. 1-уми сентябр - Шоми дирӯз, 31-уми август, моҳи шарифи Рамазон дар То ҷ икистон фаро расид. Имсол рӯзи аввали моҳи Рамазонро Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи душанбе, 1-уми сентябр, таъйин кардааст. Гуфта мешавад, рӯзи аввали Рамазон бар асоси назари уламо ва марказҳои мӯътабари исломии ҷаҳон таъйин гардидааст.   

 

Дар робита ба фарорасии моҳи Рамазон имр ӯ з Эмомал ӣ Раҳмон, раиси ҷ умҳури То ҷ икистон, мардуми кишварро табрик намуд. Дар табрикоти худ Эмомал ӣ Раҳмон ба соҳибкорону то ҷ ирон муро ҷ иат намуда, онҳоро даъват кард, ки ба нодорону камбағалон дасти хайру саховат боз кунанд.   Вай бо ишора ба он, ки дар кишварҳои ислом ӣ чун анъана дар моҳи шарифи Рамазон дар бозорҳо ва мағозаҳо нархи маҳсулот поён мефурояд, ибрози таассуф кард, ки дар То ҷ икистон акси ин ҳолат мушоҳида шуда, чандин сол аст, ки тамоюли болоравии арзиши озуқавор ӣ дар моҳи шарифи Рамазон ҷ араён дорад.    

Тақрибан дар ҳамаи кишварҳои мусулмон ӣ , аз ҷ умла ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказ ӣ низ рамазон р ӯ зи душанбе фаро мерасад. Дар Либия бошад Рамазон имр ӯ з, яъне р ӯ зи якшанбе, шур ӯ ъ шуд. Аммо дар Эрон ва дар миёни аҳолии шиъамазҳаби Ироқ р ӯ зи сешанберо р ӯ зи аввали Рамазон эълон кардаанд.    

Маъмулан Рамазон 29 ё 30 р ӯ з давом мекунад ва ну ҷ умшиносон мег ӯ янд, оғозу интиҳои он ба нав шудани моҳ дар осмон иртибот дорад. Ҳар сол рамазон 10 ё 11 р ӯ з барвақттар оғоз мешавад.