Душанбе. 2-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дигар вазорати кишоварзии Тоҷикистон арзиши чиниши пахтаро муқаррар нахоҳад кард.

Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати рустанипарварии вазорат Саидмурод Баҳриддинов аз қарори № 111-и ҳукумати ҷумҳурӣ аз соли 2007 ёдовар шуд, ки мувофиқи он хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд мустақилона нархи чиниши пахтаро муайян намоянд.

Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки дар ҳкумат санаде дар ҳоли таҳия аст, ки дар он арзиши шартии нархи чиниши пахта муайян мегардад. «Санади мазкур ба кишоварзон набояд ҳеҷ дахле дошта бошад ва он танҳо барои вазорат аст», - афзуд манбаъ.