Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи 10-уми сентябр дар шаҳри Душанбе муаррифии гузориши Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони «Пешбурди тиҷорат дар соли 2009» доир мегардад.
Аз бонки мазкур ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ин гузориши Бонки ҷаҳонӣ риштаи иқтисоди 181 кишвари дунё аз рӯи омилҳои асосии пешбурди тиҷорат мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Бино ба иттилои сарчашма, дар гузориш ҷараёни ислоҳот дар кишварҳое, ки ҷиҳати осонкунии пешбурди тиҷорат аз рӯи 10 нишондиҳандаи танзим чораҳо андешидаанд нишон дода мешавад. «Чораҳои мазкур барои баҳисобгирии вақт ва хароҷот, назардошти талаботи ҳукумат дар бобати ифтитоҳ ва роҳандозии фаъолияти тиҷоратӣ, савдо, пардохти андозҳо ва анҷоми муваффақонаи корҳои тиҷоратӣ шароити мусоид фароҳам месозанд», - изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки дар натиҷагириҳои дараҷавӣ соҳаҳои сиёсати макроиқтисодӣ, сифати зерсохтор, тағйирёбии қурби асъор, сатҳи огоҳии сармоягузорон ва мизони ҷинояткорӣ ба назар гирифта намешаванд.
Дар Русия барои интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон боҷ ҷорӣ кардан мехоҳанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сайёди зоҳиднамо ва мурғи зирак”
Даргузашти Оқохони 4, пешвои исмоилиҳои ҷаҳон
Пешниҳоди таъсиси Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистону Кувайт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 феврали соли 2025
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста