Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Раис шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар арафаи таҷлили ҷашни 17-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба ҳудуди 8 ҳазор оилаҳои камбизоат ва дигар сокинони пойтахт ба маблағи 1,2 млн. сомонӣ кӯмаки моддии яквақта намуд.

            Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов изҳор дошт, ки маблағи умумии кӯмак аз 1,2 млн. сомонӣ бештар буда, он барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони интернатсионалист, иштирокчиёни рафъи садамаи Пойгоҳи атомии Чернобил, оилаҳои саробонашонро гумкарда дар замони ҷанг барои барқарор сохтани сохти конститутсионӣ, коргарони муассисаҳои истифодабарии роҳ ва дигарон пешбинӣ гардидааст.