Кӯлоб. 6-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ғаллакорони 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз масоҳати беш аз 80 ҳазор га замин 126 ҳазору 770 тонна ҳосили гандум гирифтанд, ки аз нақшаи пешбинишуда 15 ҳазор тонна камтар аст.

Сармутахассиси раёсати минтақавии кишоварзии Кӯлоб Абдулло Раҷабов мегӯяд, ки ҳарчанд кишоварзони ноҳияҳои Восеъ, Темурмалик, Данғара ва Балҷувон нақшаи истеҳсолиро барзиёд иҷро карда бошанд ҳам, вале ин ба иҷрои нақшаи умумӣ мусоидат накардааст. «Деҳқонони Фархор ҳамагӣ 7,5 ҳазор тонна ҳосили гандум рӯёнидаанд ва ин дар ҳолест, ки нақшаи пешбинигардидаи онҳо 21 ҳазору 251 тоннаро ташкил медиҳад», - гуфт ӯ.

Мутахассис бар он назар аст, ки ба ҷуз омили инсонӣ омили табиӣ низ ба камшавии ҳосил асар карда, деҳқонони аксари ноҳияҳои минтақа аз хушксолии имсола аз заминҳои кишт танҳо ба гирифтани коҳ ноил гаштанд. Бар асари хушксолӣ кишоварзони ноҳияи Шӯрообод - ҳадди ақал 2,4 ҳазор тонна, Мӯъминобод ва Данғара - қариб 2 тоннагӣ ҳосилро талаф доданд.

Камшавии ҳосил ба нарх дар бозорҳо аллакай таъсири худро расонидааст. Феълан 1 кило гандум 2,2 сомонӣ арзиш дошта, нони муқаррарӣ бо нархи 2-2,5 сомонӣ фурӯхта мешавад.