Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд -Бӯстон-Чаноқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳсозони Ҷумҳурии Мардумии Чин низ аз наздик сӯҳбат намуда, аз рафти корҳои азнавсозии ин шоҳроҳи муҳим пурсон шуд.

Зимни сӯҳбат зикр гардид, ки бунёди қариб ҳамаи иншооти зиддитармавӣ, ки дарозии умумиашон аз ҷониби шаҳри Душанбе то туннели Истиқлол 3600 метрро ташкил медиҳад, то моҳи ноябр анҷом меёбад. Дар ҳамин мӯҳлат дар ин қитъаи роҳ корҳои мумфаршкунӣ низ қариб ба пуррагӣ анҷом дода мешаванд.

Аллакай имрӯз гуфтан мумкин аст, ки сохтмони қитъаи аз шаҳри Душанбе то наздикии деҳаи Майхураи ноҳияи Варзоби ин роҳ бо стандартҳои байналмилалӣ таҷдид шудааст.

Хотиррасон бояд кард, ки лоиҳаи мазкур бо маблағи 295,9 миллион доллари амрикоӣ азнавсозии пурраи шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ-Истаравшан-Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқро бо назардошти сохтмони қитъаҳои нави роҳ ва тунели Шаҳристон, ки дарозияш беш аз   5 км аст, таъмин менамояд.

Азнавсозии ин роҳ ҳамчунин сохтмони туннели 900 – метраи Майхӯра, 38 адад пулҳои хурду бузург, наздики 6300 метр иншооти зиддитармавӣ, ё худ тунелҳои рӯйизаминӣ, дар масофаи 5974   метр васл кардан ва хобонидани 352 адад қубурҳои обгузар ва дигар корҳоро дар бар мегирад.

Боздиди имрӯзаи Президенти Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмону васлгарӣ дар ин иншоот бори дигар собит намуд, ки ӯ чун раҳбару раҳнамои дилсӯзи мардум ҳамаи корҳои созандагию бунёдкориро   дар тамоми қаламрави кишвар таҳти назорат ва ғамхории доимии худ қарор додааст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.