Хуҷанд. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Айни замон шаҳрвандони Тоҷикистон ба мошинҳои вварзишӣ, асосан кӯҳнашуда таваҷҷӯҳи бештаре зорҳир менамоянд. Ба қавли коршиносон, ин мошинҳо тавассути роҳи оҳан аз Аврупо, кишварҳои назди Балтика ва Корея ба Хуҷанд оварда мешаванд.

            Чанде қабл ба Хуҷанд мошини навъи «Хендай»-и истеҳсоли ширкати Кореяро оварданд, ки диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуд. Муҳаррики он суръатро то 220 км дар як соат афзуда, дар Корея онро «наҳанги кореягӣ» низ мегӯянд.

Арзиши мошинҳои варзишӣ аз 6 то 8 ҳазор доллар аст ва он аслан таваҷҷӯҳи ҷавононро ба худ ҷалб сохтаааст. Аз рӯи баъзе маълумот шабона бо чунин мошинҳо дар канори шаҳри Душанбе пойгаи мошинҳо барпо мешудааст.