Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар ақсои олам ва Тоҷикистон низ Рӯзи байнулмилалии ҳамбастагии рӯзноманигорон ҷашн гирифта мешавад. Нимаи дуввуми рӯз ба ин муносибат дар толори маҷлиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо иштироки муҳаррирони васоити ахбори омма ва рӯзноманигорони варзидаи ҷумҳурӣ баргузории мизи мудаввар дар назар аст.

Дар ҷаласа масоили ҳамбастагии рӯзноманигорон мавриди баррасӣ қарор гирифта, бахусус ба масъалаи дифоъ аз ҳуқуқи журналистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад гашт.