Душанбе. 22-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз сухангӯи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Ҳикматулло Сайфуллозода дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар байни раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, ки бо сафари корӣ дар Русия қарор дорад ва сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамкории мутақобила ба роҳ монда шудааст.

Қаблан мо хабар дода будем, ки дар шаҳри Маскав ба иллати даст кашидани сафорати Тоҷикистон аз дарёфт ва иҷораи толори мулоқот вохӯрии М.Кабирӣ бо интихобкунандагон доир нашуд, ҳарчанд М.Кабирӣ аъзои парлумони ҷумҳурӣ аст ва мулоқоти ӯ бо муҳоҷирон бояд дар ҳамдастӣ ва мусоидати сафорат сурат мегирифт.

            Ҳ.Сайфуллозода мегӯяд, ки пас аз он муносибати сафорат бо М.Кабирӣ дигар гашта, аллакай дар шаҳрҳои Қазону Уфа намояндагон ва шарикони сафорат дар баргузории мулоқотҳо бо интихобкунандагон - муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ӯро дастгирӣ кардаанд ва дар ин мулоқотҳо то 800 нафар ҳамватанон ширкат намудаанд. Имрӯз раиси ҲНИТ озими шаҳри Санкт-Петербург шудааст.

            Зикр гардид, ки   ба ҳар ҳол, бо интихобкунандагони шаҳри Маскав мулоқоти ғайрирасмӣ гузаронида шудааст, ки дар он беш аз 400 нафар иштирок кардаанд. Боздиди М.Кабирӣ аз Русия 24-уми сентябр анҷом хоҳад ёфт.