Душанбе. 25-уми сентябр ОИ «Азия-Плюс» - Аз ҷониби Маркази идораи лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ҷиҳати шиносоӣ барои омӯзгорону волидайни толибилмон бо теъдоди 4000 нусха дастури тарзҳои (модулҳои) меъёрии таъсиси «Иттиҳодияи волидайну омӯзгорон» дар мактабҳо нашр шуданд.
Сухангӯи марказ Парвиз Саидов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки тарзҳои (модулҳои) меъёрии мазкур аз ҷониби вазорати маолриф маъқул шуморида шуда, барои шиносоиву омӯзиш ва ҷорӣ сохтан ба ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ тавсия карда шудаанд.
«Модулҳои мазкур дар мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Ваҳдат, Файзобод, Роғун, Нуробод ва Шоҳмансур аз санҷиш гузаштаанд, ки дар ин ҷойҳо аллакай чунин иттиҳодияҳои волидайну омӯзгорон таъсис ёфта ва муваффақона амал мекуунанд», - гуфт П.Саидов ва афзуд, ки дар чаҳорчӯбаи татбиқи Лоиҳаи таҷдиди таълим дар мактабҳо, дар ҳафт шаҳру навоҳии таҷрибавӣ беш аз 418 Иттиҳодияи волидайну омӯзгорон дар мактабҳо таъсис дода шудаанд.
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Иқтисодчиён мушкили асосии татбиқи Стратегияи миллии рушдро номбар карданд
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста