Душанбе. 25-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи «Барномаи грантҳои президентӣ» оид ба   фаъолияти соҳибкории занон озмун эълон менамояд.

Барномаи грантҳои президентӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маблағгузорӣ ва бевосита аз тарафи дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ мешавад. Кумита «Барномаи грантҳои Президентӣ» - ро дар асоси Қоидаҳои тартиби ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурнии Тоҷикистон   аз 4 сентябри соли 2008, № 448 тасдиқ шудааст, амалӣ менамояд.

            Грантҳои Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҶТ - занони соҳибкоре, ки   лоиҳаҳои таҳиянамудаи онҳо ба ҳалли масоили занҳо ва таъмин намудани онҳо бо ҷойҳои корӣ   дар фаъолияти рушди соҳибкорӣ мусоидат менамояд, ҷудо карда мешаванд.

            Грантдиҳанда ҷудо намудани грантҳои Президентиро ба андозаҳои зерин:

10 грант дар ҳаҷми 40 000 (чил ҳазор) сомонӣ;

10 грант дар ҳаҷми 30 000 (сӣ ҳазор) сомонӣ;

10 грант дар ҳаҷми 15 000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ пешбинӣ намудааст.

            Мӯҳлати иҷрои лоиҳа то 6 моҳро дар бар мегирад. Барои иштирок дар барнома занони соҳибкор лоиҳаро бояд дар ҳаҷми на зиёда аз панҷ (5) саҳифа, дар барномаи MS WORD бо истифода аз шрифти (14) Times New Roman Tj ва мувофиқати пурра ба талаботи озмун пешниҳод намоянд. Ташкилотҳои ҳавасманд метавонанд маълумоти иловагиро оид ба талаботи лоиҳаи «Озмун оид ба пешниҳоди лоиҳаҳо дар «Барномаи грантҳои президентӣ» »   аз   Кумита дастрас намоянд.   Дар ин бора корманди масъули Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Маърифат Шокирова хабар дод.