Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс»
- Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон санади «Фаъолияти сохтмонӣ. Қонунгузорӣ ва ислоҳот» муаррифӣ гардид.
Аз сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки муаррифиномаи мазкур бо мақсади шиносоии наздик аз қонунгузории Тоҷикистон дар бахши сохтмон, таҷрибаи кишварҳои пешқадам ва тавсияҳои беҳсозии низоми иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи сохтмони Тоҷикистон баргузор гардида, он бо дастгирии техникии лоиҳаи
USAID
оид ба беҳтар кардани муҳити тиҷорат (
BEI
) дар Тоҷикистон созмон дода шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар муаррифинома зикр гардид, ки масъулияти фароҳам сохтани шароити мусоиду зарурӣ барои рушди сохтмон дар кишвар ва таъмини бехатарии корҳо дар он ба дӯши давлат вогузор шудааст.
Ҳамчунин иштирокдорони муаррифинома муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон дар бораи сохтмонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Иқтисодчиён мушкили асосии татбиқи Стратегияи миллии рушдро номбар карданд
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста