Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Тоҷикистон, ки дар Ню-Йорк қарор дорад, бо президенти Финландия мулоқот кард. Дар мулоқот бо президенти Финландия Таря Каарина Халонен додани ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шуд.

Байни Эмомалӣ Раҳмон ва хонум Таря Каарина Халонен ҳамчунин атрофи мавзӯъҳои чорабинии сатҳи олӣ оид ба баррасии татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, ки ҳарду дар он ҳамраисӣ доштанд, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон аввалин шуда, баҳри татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар кишвари худ барномаю стратегияи дахлдор қабул намуда, рафти иҷрои онҳоро аллакай дар сатҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор додааст.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки   Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ба тағйироту таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза мутобиқ гардонда мешаванд.

Аз мунтазамии робитаҳои сиёсии ду кишвар ва саҳми Финландия дар таҳияи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ба роҳ мондани робиатҳои бевоситаи байни соҳибкорони ду кишвар, вусъат додани тиҷорат, бунёди корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон ва иштироки Финландия дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаҳои гидроэнергетика ва саноати кӯҳӣ аз самтҳои имконпазири рушди ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар арзёбӣ гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.