Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз агентии «Reuters» хабар додааст, ки   Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз кишварҳои мададрасон дархост кардааст, ба кишвари қашшоқтарини минтақаи Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон таъҷилан ба маблағи $34,7 млн. кӯмаки ғизоӣ расонанд.

Пешбинӣ мегардад, ки бо ин маблағ аз моҳи октябри соли 2008 то моҳи декабри соли 2009 то 800.000 нафар бо кӯмаки ғизоӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар изҳороти махсуси СММ гуфта мешавад, ки ахиран бар асари коҳиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва рӯйи кор омадани бӯҳрони сартосарии ғизоӣ дар Тоҷикистон ба беш аз 1,3 миллион нафар норасоии шадиди ғизо таҳдид мекунад.

Агентӣ хабар медиҳад, ки Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ аз кам шудани истеҳсоли зироати ғалладона то 700 ҳазор тонна дар соли ҷорӣ иттилоъ додааст. Соли гузашта дар Тоҷикистон 927,5 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шудааст, талаботи дохилӣ бошад, 1 млн. 200 ҳазор тонннаро ташкил медиҳад.

«Дар муддати 44 соли ахир соли равон Тоҷикистон зимистони хеле душвореро паси сар кард. Аз сардиҳои беҳад зиёд, ҳуҷуми малах ба киштзорон ва хушксолии имсола ба қисми зиёди аҳолии кишвар норасоии шадиди маводи ғизоӣ таҳдид мекунад», - гуфта мешавад дар изҳороти СММ.