Душанбе. 27-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Муовини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Давлаталӣ Давлатзода зимни сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки аз соли 2000 то имрӯз беш аз 20 ҳазор нафар аз сафҳои ҳизб хориҷ карда шуданд.
Аз сафи ҳизб хориҷ кардани чунин миқдори аъзоро муовини аввали раиси ҳизб бо он шарҳ медиҳад, ки солҳои ахир афроде узвияти ҳизбро танҳо ба хотири ҷоҳу ҷалол ва дарёфти мансаб пазируфтанд, ки ба обрӯ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа таъсир манфӣ расонид ва аз ин рӯ, тасмим гирифта шудааст, ки ин зумра шахсон аз сафи ҳизб хориҷ карда шаванд. «Ҳамчунин бо сабабҳои объективӣ аъзои ҳизб, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранду бо ҳизб дар робита нестанд ва ҳаққулузвият низ намесупоранд, аз сафҳои ҳизб хориҷ карда шуданд, - гуфт ӯ.
Д.Давлатзода таъкид сохт, ки чунин тарзи корбарӣ минбаъд дар марҳилаи тозаи ислоҳоти фаъолияти ҳизб низ идома хоҳад ёфт, вале «ин маънои онро надорад, ки қабул ба узвияти ҳизб барои шахсони арзанда маҳдуд карда шудааст».
Қобили зикр аст, ки феълан ҳизби ҳокими ҷумҳурӣ, ки раисии онро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш дорад, беш аз 115 ҳазор аъзо дорад ва шумораи аъзои он дар қиёс бо ҳизбҳои сиёсии дигари ҷумҳурӣ бамаротиб бештар аст.
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Иқтисодчиён мушкили асосии татбиқи Стратегияи миллии рушдро номбар карданд
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста