Душанбе. 27-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - 10 октябр дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо кӯмаки сафорати ИМА дар Душанбе барои журналистони тоҷик дар мавзӯи «Таъминоти воситаҳои ахбори оммавӣ бо иттилооти навтарин» семинар гузаронида мешавад.

  Семинарро мутахассиси рушди воситаҳои ахбори оммавӣ аз ИМА Эндрю Салливан мегузаронад. Ӯ ба журналистони тоҷик дар бораи роҳу усулҳои навтарину самарабахши ба даст овардани иттилоот ва самарабахштар гардонидани фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ нақл хоҳад кард. Э.Салливан журналисти мустақил буда, дар шаҳри Сараевои ҷумҳурии Босния ва Герсеговина кор мекунад. Ӯ қабл аз ин мушовири матбуоти созмони Айрекс дар Босния буд.