Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ахири ҳафтаи гузашта мулоқоти муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Одил Сангов бо ҳайати тоҷирони Бритониё таҳти сарварии директори иҷроияи ширкати « Investment Fostering Limited» доктор Б.А.Латиф доир гардид.

            Аз палатаи номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки тоҷирони Бритониё ба Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи иқтисоди ҷумҳурӣ ва омӯзиши имконоти ҳамкорӣ ташриф овардаанд.

            Раҳбари ҳайат, доктор Латиф чунин баён доштааст: «Мо ба бахши сохтмон ва истеҳсоли нафт дар Тоҷикистон манфиатдор ҳастем, вале ба роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бештаре дорем. Ширкати мо дар ин самт бо кишварҳое чун Фаронса, Испания ва Эрон ҳамкории муфид ба роҳ монда, дар ин кишварҳо якчанд меҳмонхонаҳои дараҷаи олӣ бунёд кардааст».

            Дар навбати худ муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон О.Сангов изҳор дошт, ки табиати ҷумҳурӣ ба рушди сайёҳӣ мусоиду созгор аст ва тоҷирони Бритониё перомуни роҳандозии ҳамкориҳо дар ин соҳа метавонанд, бо намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар, ки аъзои палата аст, гуфтушунид анҷом диҳанд.