Душанбе. 7-уми ноябр - Кумитаи байнидавлатии омори кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мегӯяд, дар ҳоле ки дар аксари кишварҳои узви ҷомеа рушди иқтисодӣ дар 9 моҳи гузашта идома кардааст, Тоҷикистон ягона кишварест, ки ба коҳиши тавлиди саноатӣ рӯбарӯ шуд.

Ин коҳиш дар Тоҷикистон дуним дарсадро ташкил медиҳад. Рушди аз ҳама бештар дар Белорус -- 13,1 дарсад, сипас дар Ӯзбекистон - 12,4, Озарбойҷон -- 12 дарсадро ташкил дод. Русия аз лиҳози рушди иқтисодӣ дар ҷойи панҷум қарор гирифт бо 5,4 дарсад ва сипас Укроин -- 5,1.

Афзоиши тавлиди саноатӣ дар Арманистон, Қазоқистон ва Молдова наздик ва каме беш аз 3 дарсад буда, Туркманистон оморе надодааст ва Гурҷистон ахиран иттиҳодро тарк кард.